ӯҳдадор — [عهده دار] вазифадор, муваззаф, масъул; ҷавобгар, кореро (чизеро) бар ӯҳда гиранда; ӯҳдадор кардан барои коре масъул гардонидан, вазифадор кардан, кореро ба зиммаи касе гузоштан; ӯҳдадор шудан вазифадор шудан, масъули коре шудан, ба зимма… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зимма — [ذمه] а. ӯҳда, ӯҳдадорӣ; ба (дар) зимма гирифтан ӯҳдадор шудан, вазифадор шудан; иҷрои кореро ба ӯҳда гирифтан; ба зиммаи касе гузоштан (мондан) касеро ӯҳдадор кардан, вазифадор кардан ба иҷрои коре ◊ аҳли зимма таър. яҳудиён, насрониён ва… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ӯҳдадорӣ — [عهده داري] иҷрои чизеро ё кореро ба зимма гирифтан, маҷбурият; вазифадор шудан (барои иҷрои коре), вазифадорӣ: ӯҳдадории ҳарбӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боло — I [بالا] 1. қисми баланди ҳар чиз, забар, фавқ; муқоб. поён, зер: ҳуҷраи болои дарвоза, иморати болои арк 2. рӯй; рӯи чизе; муқоб. таг (таҳ): болои дастархон, болои кат (хобидан), болои миз, болои майсаву сабза 3. сар, тор, фарқи сари чизе: болои … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бор — I [بار] 1. асоси замони ҳозира аз боридан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънии боранда, резанда, пошанда ва маънои зиёдии чизе: мушкбор, нурбор, ашкбор, рӯдбор, дарёбор, ҷӯйбор ва ғ. II [بار] 1. он чи ба дӯш ё пушти инсон, чорпо ё болои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вобаста — [وابسته] 1. сифати феълии замони гузашта аз вобастан, ки ҳоло аз истеъмол баромадааст; марбут, алоқаманд, мансуб; вобаста ба ин алоқамандона ба ин, дар робита бо ин 2. гирифтор, баста, побанд, муқайяд; вобаста кардан а) алоқаманд кардан, марбут… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
водор — I [وادار] асоси замони ҳозира аз водоштан II [وادار] маҷбур, ӯҳдадор, вазифадор; водор кардан (намудан) маҷбур кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дунбол — [دنبال] думбол, ақиб, пас; дунболи… аз паси…; аз дунболи … а) аз паси…, аз қафои…, аз ақиби…; б) дар пайравии…, дар пайгирии (касе); дунболи ҳамдигар паси ҳам; дунболи касеро гирифтан а) аз ақиби касе рафтан; ба касе пайравӣ; б) касеро таъқиб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қарздор — [قرض دار] он ки аз касе қарз гирифтааст, вомдор, мадюн: қарздор кардан касеро, қарздор шудан аз касе; қарздор будан аз касе а) аз касе қарз доштан; б) вазифадор будан барои баргардонидани некиҳои касе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маҷбурият — [مجبوريت] а 1. маҷбурӣ, маҷбур шудан 2. он чи ба ҷо оварданаш ба зимма гирифта ё ба ӯҳдаи касе гузошта шудааст; ӯҳдадорӣ, вазифадор будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ